Гумрукчиён ба тоҷирон чӣ гуфтанд?
Бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини мақомоти гумрук бо соҳибкорону тоҷирони ватанию хориҷӣ ва ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат, ташкил намудани шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳо дар самти тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода изҳор дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар бо мақсади фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ҳалли мушкилоти онҳо лоиҳаи қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук дар хусуси додани имтиёзҳои андозӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ