5 феврал Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Душанбе меоранд

Мувофиқи маълумоти дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Дар доираи саёҳати ҷаҳонӣ Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол рӯзи душанбе, 5уми феврал, ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Иқдоми мазкур дар аз ҷониби «FIFA World Cup Trophy Tour», бо дастгирии ширкати «Coca Cola» гузаронида мешавад. Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футболро аввалин бор ба Тоҷикистон меоранд. Ин ҷом дар Душанбе ба маърази умум гузошта хоҳад шуд.

Чуноне, ки намояндаи ширкати «Coca Cola» дар Тоҷикистон Аскар Маратов иттилоъ додааст, Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон рӯзи 5-уми феврал дар ҳавопаймои махсус ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи душанбе, соати 15:30 мерасад. Соати 16:30 дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и Душанбе нишасти хабарӣ доир мешавад. Хабарнигорон имкон пайдо мекунанд, ки ҷомро аз наздик бубинанд.

Баъдан ҷом дар витрина ё қафаси махсуси шишагӣ дар маҷмааи «Кохи Борбад» гузошта мешавад, ки ҳазорҳо сокинони маҳаллӣ ва муштариёни «Coca Cola» метавонанд аз соати 16:00 то 19:00 бо Ҷоми тиллоӣ аксбардорӣ кунанд.

Ба гуфтаи вай бинобар зиёд будани хоҳишмандон, барои иштирок дар чорабиниҳо ширкати «Coca Cola», озмун доир мекунад ва барои гирифтани билет бояд, аз нӯшокиҳои ин ширкат харид. Барои ин зарур аст, ки 3 бутали якунимлитраи «Coca Cola» дар супермаркетҳои Душанбе («Пайкар Плаза», «Пайкар», «Пойтахт», «Арзанда», «Рӯдакӣ Плаза», «Европа», «Сабад», «Шоҳона» (50-солагӣ), «Ёвар» (Ҳаёти нав), Ёвар (диагностика), Ёвар 5) харидорӣ намуда, дар касса бо пешниҳоди чек билет барои ин чорабинӣ талаб карда шавад. Шумораи билетҳо маҳдуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *