Гунаҳгор боз “сиёҳҳо?

Дар поёни ҳафтаи гузашта дар шаҳри Магнигорски Русия муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро гуруҳ-гуруҳ дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши хабарнигори «Настоящее Время» Алексей Александров аз Магнитогорск, боздошти даҳҳо муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи шанбе дар бозори «Гранд», воқеъ дар рӯбарӯи масҷиди ҷомеъ, ва дар кӯчаи Ленин сурат гирифтааст. Дар кӯчаи Ленин қабл аз боздошти муҳоҷирон тамоми сокинонро аз бино кӯчондаанд. Ин боздоштҳо ҳафтае баъди фурӯ рафтани як бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск аст, ки дар он фалокат 39 нафар, аз ҷумла модари 24-солаи тоҷик Раҷабмоҳ Исоева бо се фарзанди 6,4 ва 3-солааш ҳалок шуданд. Қаблан расонаҳои Русия фарзияеро матраҳ карда буданд, ки фурӯ рафтани ин бино дар хиёбони Карл Маркс метавонад ҳамлаи террористӣ бошад. Кумитаи тафтишоти Русия ва мақомоти Магнитогорск ин фарзияро рад карда, гуфтанд, ки фарзияи асосии тафтишот таркиши балони газ аст. Дар пасманзари ин, мавҷи боздоштҳои ахири муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Магнитогорск норӯшан боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *