Салоҳ-беҳтарин футболбози Африқо

Беҳтарин футболбози қораи Африқо дар соли 2018 ҳамлагари мисрии бошгоҳи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ эътироф гардид.
Барои ба даст овардани ин ҷоиза бо Салоҳ ҳамдастааш аз “Ливерпул” ва мунтахаби Сенегал Садио Мане ва ҳамлагари “Арсенал” ва мунтахаби Габон Пиер-Эмерик Обамеянг мубориза бурданд. Салоҳ бори дуюм пайдарҳам ин ҷоизаро ба даст овард. Соли 2017 низ дар сегонаи беҳтарини футболбози Африқо Обамеянг ва Мане бо ҳамроҳии футболбози мисрӣ қарор доштанд.
Мавсими гузашта Салоҳ бо задни 32 гол дар Прйемер — лигаи Англия беҳтарин нишонзан шуда, бо “Ливерпул” ба финали Лигаи Чемпионҳо баромада буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *