“Гурӯҳи 24” аз «вазири хориҷа»-аш маҳрум шуд

Инҷо ягон фишор набуд, балки ин тасмим ба далелҳои бештар шахсӣ гирифта шудааст.

Нуриддин Ризоӣ, масъули бахши равобити хориҷии ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи “Гуруҳи 24” эълон кард, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ фосила гирифта, “бештар болои барномаҳои илмӣ, тиҷоратӣ” тамаркуз кунад.
Ризоӣ рӯзи 1 январ дар як паём дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Ин тасмим баъди тафаккури амиқ гирифта шуд. Албатта сабабҳо зиёданд, муҳимтарини онҳоро дар он мебинам, ки мардуми мо ҳоло омодаи дигаргунӣ нест.”

Ӯтасмими канор рафтанаш аз фаъолиятҳои сиёсиро чунин шарҳ додааст: “Инҷо ягон фишор набуд, балки ин тасмим ба далелҳои бештар шахсӣ гирифта шудааст. Далели асосиаш, албатта, ин аст, ки мардуми мо ҳанӯз барои тағйирот омода нест. Аз тарафи дигар, вақте маҷбур ба тарки Русия шудам, таҳсилам дар магистратура дар риштаи равобити байналмилалӣ нотамом монд. Ҳоло мехоҳам дар ягон донишгоҳи Австрия таҳсили худро идома диҳам.”
Нуриддин Ризоӣ масъулияти бахши равобити хориҷии “Гуруҳи 24”-ро бар уҳда дошта, аз аъзои фаъоли ин ҳаракати оппозитсионӣ ба шумор мерафт ва дар тақрибан ҳамаи иқдомҳои эътирозии ин гуруҳ фаъолона иштирок мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *