“Гурӯҳи 24” «ифротӣ» будан намехоҳад
Нимаи дуюми рӯзи 26 феврал як гуруҳи аъзои собиқи «Гуруҳи 24” дар боғи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд.
Аъзои собиқи ин созмони оппозитсионӣ, ки ба Тоҷикистон баргашта, мавриди афв қарор гирифтанд, рӯзи 25 феврал аз Суди олӣ хоста буданд, ки «бино бар аз байн рафтани хатари «Гуруҳи 24” ба давлат ва ҳукумат” номи ин созмонро аз рӯйхатти созмонҳои ифротӣ берун биоранд. Суди олӣ соли 2014 «Гуруҳи 24”-ро созмони ифротӣ эълон карда, фаъолияташро манъ карда буд. Роҳбарони «Гуруҳи 24”, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, аз ҷумла Сӯҳроби Зафар гуфтааст,ки ин амали онҳоро “ҳаққи шаҳрвандии онҳо” гуфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ