Гурҷистон андози кам меситонад, Тоҷикистон чӣ?
Ширкати машваратии “PriceWaterHouseCoopers” Тоҷикистонро дар миёни кишварҳое ҷой дод, ки аз ҳама андози баланд ситонида мешавад.
Ин раддабандӣ низоми андозбандӣ дар 189 кишварро барои соли 2017 фаро мегирад. “PriceWaterHouseCoopers” рейтинги худро аз рӯйи 4 нишондиҳанда: нархи умумӣ, вақти сарфшуда ҳангоми андозсупорӣ ва номгӯи андозҳо тартиб додааст.
Ширкат бори молиётии Тоҷикистонро 65,2 дарсад ҳисоб кардааст. Ин рақам дар Қирғизистон 29, Қазоқистон 29,2 ва Ӯзбекистон 38,1 дарсад мебошад. Миёни кишварҳои пасошӯравӣ мизони аз ҳама поини андозро Гурҷистон доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ