Сардор Аёз Содиқ ба Шукурҷон Зуҳуров: Мо аз имконоти мавҷуда пурра истифода накардаем!

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот намуд.

Яке аз  самтҳои авлавиятнок,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика мебошад. Ин масъала барои кишварҳои мо муҳим арзёбӣ мегардад. Мо алоқамандем, ки ҷалби сармоягузории покистонӣ ба лоиҳаҳои  гидроэенергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолтар  сурат гирад.  Дар оянда низ ният дорем, ки бо дӯстони покистонии худ лоиҳаҳои муштаракро, ки ба суди на танҳо ду кишвар, балки минтақа низ мебошанд, амалӣ намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хоҳони ҳузури бештари сармоягузорони покистонӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Кушодани корхонахои муштарак ва истеҳсоли маҳсулоти  ниҳоӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз қабили корхонаҳои истеҳсоли семент, маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмонӣ, коркарди пӯст, бешубҳа, ҳам ба манфиати ҳарду кишвар, ҳам мардуми минтақа аст.

 Вақтҳои наздик татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳим, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони лоиҳаҳои бузурги байнидавлатии хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 оғоз мегардад.

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Сардор Аёз Содиқ иброз дошт, ки Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон барои фароњам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон талошҳои зиёд намудааст.

Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон таъкид кард, ки сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварњои мо қаноаткунанда буда, дар баробари ин, мо ҳанӯз ҳам аз тамоми имконоти мавҷудаи ҳамкориҳоямон ба таври комил истифода накардаем. Дар ин замина бояд рафту омади ҳайати парлумонии мо аз кишварҳои ҳамдигар вусъат дода шаванд. Ин ба истифода аз таҷрибаи қонунофаринии мо кӯмак мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *