Гурбаи мискин агар пар доштӣ…
Мақомоти маҳаллии шаҳри Нокси Австралия, воқеъ дар наздикии Мелбурн, барои гурбаҳо «соати комендантӣ» ҷорӣ кардаанд. Ба ин ҳайвоноти хонагӣ шабонарӯз иҷозат дода намешавад, ки аз хона бароянд. Назорат аз болои ин қарор ба соҳибони ҳайвонот вогузор карда мешавад ва бояд онҳоро дар хона, дар анбор, гараж нигоҳ доранд. Гурбаҳо метавонанд танҳо дар ҳудуди ҳавлӣ аз хона ба берун бароянд. Ҳамин тариқ, шӯрои шаҳр саъй дорад паррандаҳою хазандаҳоро аз ин даррандаҳои хонагӣ наҷот диҳад. Аммо, дӯстдорони ҳайвонот аз чунин усул ба хашм омадаанд. «Ин барои онҳо одилона нест. Ин ба монанди нигоҳ доштани паланг дар боғи ҳайвонот аст » мегуяд яке аз сокинони маҳаллӣ Шарлотта Ҷенсен. Аз 1 октябр марҳилаи гузариш оғоз мешавад — соҳибон дар сурати тарк кардани гурба аз қаламрави муайяншуда огоҳӣ мегиранд. Пас аз ин, сокинон дар сурати берун рафтани ҳайвони хонагӣ ба маблағи беш аз 500 доллар ҷарима хоҳанд дид. Шояд роҳбарони ин шаҳр байти машҳури Саъдиро хонда бошанд
Гурбаи мискин агар пар доштӣ,
Тухми гунҷишк аз ҷаҳон бардоштӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ