Чаро Наим хоҳарашро кушт?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷавони 21-сола, Раҳматов Наим бинобар қатли хоҳараш Марҷонаи 19-сола муттаҳам дониста мешавад.
Манбаъ менигорад, ки Наим гирёну ларзон нақл намуд, ки чӣ гуна нохудогоҳ хоҳарашро кушт. Ӯ мегӯяд, ҳангоми содир намудани ҷиноят ёд надорад, ки чӣ гуна хоҳари азизашро корд зад.
“Аввал худи хоҳарам ход заду корда тарафи ман кашид, кордро медорам гуфтам, ки дастамро бурид. Баъд қаҳрам баромаду корда гирифта, намедонам чӣ тавр аз рӯи қаҳру ғазаб ӯро корд задам”, – нақл мекунад Наим.
ВУД менигорад, ки ҳодиса дар заминаи муноқишаи оилавӣ дар натиҷаи эродҳои бародар аз рафтори хоҳараш сар задааст. Дар натиҷа Раҳматов ба қисмҳои ҳаётан муҳими хоҳараш панҷ зарби корд задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса нисфирӯзии 15 июн, тахминан соати 14:00 дақиқа рух дода, маъмурини милиса ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, муттаҳамро боздошт Айни ҳол нисбат ба Наим парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Имрӯз байни ҷавонон чунин омилҳои зишт бо суръат авҷ гирифтаанд. Чаро? Магар ҳамин як баҳси ночиз боиси куштор мегашт?!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ