Гурез Сафар Нависандаи халқии Тоҷикистон шуд

Ба шоир, нависанда ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар Гурез Сафар унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон дода шуд.

Унвонро ба шоир ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар бемористон супоридааст.

Гурез Сафар соли 1960 дар хонаводаи шоири ормонии кишвар Ашӯр Сафар ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1983 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ Гурез Сафар муддати дар Донишгоҳи давлатӣ ва сипас ба ҳайси роҳбари бадеии Қасри маданияти  шаҳри Кӯлоб ва муддате дар нашриёти «Маориф» ва маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” кор карда, солҳои зиёде дар нашриёти «Адиб хидмат кардааст.

Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 2011, барои маҷмӯаи «Равзани роз», сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *