Отунбоева — намояндаи тозатаъйини СММ дар умури Афғонистон (аудио)

Роза Отунбоева — дипломат, сиёсатмадор ва собиқ президенти Қирғизистон намояндаи вижаи СММ доир ба умури Афғонистон таъин гардидааст. Дар ин бора шабакаи BBC Persian дар саҳифаи худ хабар дод.

Тибқи гузориши BBC Persian, Дабири кулли СММ Антонию Гуттериш дар ин бора хабар дода ва гуфтааст, ки «ба наздикӣ ӯ фаъолияташро оғоз мекунад».

Бояд гуфт, ки Роза Отунбоева — сиёсатмадори қирғиз солҳои 2010-2011 Президенти Қирғизистон буд ва пеш аз он ба ҳайси вазири умури хориҷӣ ифои вазифа кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *