Гург ба як сокини ноҳияи Ишкошим ҳамла карду кушта шуд
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шарқи кишвар ҳодисаи ҳамлаи гург ба сокинон ба қайд гирифта шудааст.
1-уми октябри соли 2023 тахминан соати 05:30 дақиқа ба як сокини 48-солаи деҳаи Яхшивули ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими ВМКБ гург ҳамла кардааст. Ин ҳайвони ваҳшӣ дасти ӯро ҷароҳатдор кардааст. Чун садои имдоди ӯ ба гӯши ҳамсояҳо мерасад, ба ёрӣ мешитобанд ва гургро куштаву ҷони ҳамсояро аз бало мераҳонанд.
Ҷабрдидаро фавран ба беморхонаи ноҳия бурдаанд. Айни замон табибон вазъи саломатии ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, ки сокинон ҳамеша эҳтиёт кунанд, зеро бахусус дар ноҳияҳои куҳӣ ҳодисаҳои рӯ ба рӯ шудан бо хирсу гургу паланги барфӣ рух медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ