Медали тиллои навраси тоҷик аз Чин

Навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» соҳиби медали тилло шуд.

Ин мусобиқа 2-юми октябр дар шаҳри Шанхайи Чин баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур дар ду намуд — ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг баргузор шуда, дар он Сомон Турсунзода дар вазни то 30 кг ҳунарнамоӣ намуда, медали тиллоро ба даст овард.

Гуфта мешавад, ки Сомон ду рақиби худро аз давлати Чин мағлуб намуда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *