Гургҳои захмин чаро сайди худро аз катакҳои мурғ меҷӯянд?
Гумроҳу фирефта ва қурбонии макру дасисаи хоҷагон гаштани теъдоде аз ҷавонон, амсоли бемории сироятиест, ки ҷомеаро ба доми заҳролуди худ мекашад. Ҷавононе, ки побанди хурофоту таассуб гашта, ба хотири адои “ҷиҳоди фарз”-и бофтаи хоҷагонашон роҳ сӯи Афғонистону Сурияву Ироқ мегиранд, бо ҳамон вируси сироятёфтаашон билохира худро қурбонии ҷаҳлу ҷаҳолат мегардонанд.
Гурӯҳҳои мубаллиғи тундгаро амсоли рӯбаҳоне, ки дар пайи ба даст овардани сайд худро ба катакҳои мурғ мезананд, бештар дар манотиқи Русия ҷавонони мардикорро ба дом афканда, аз ин ҳисоб манфиати зиёд ба даст меоранд. Дар фарҷом ин теъдод аз манфиатҷӯ, пушти панҷара рафта, аммо ҷавонони ба домафтида дар набардҳои Сурияву Ироқу Афғонистон туъмаи тиру туфанги хоҷагонашон гашта, волидайн бошанд, дар сӯзу фироқи фарзандони бенишонгаштаашон якумр обу адо мегарданд.
Тибқи омори расмӣ,дар соли 2017 дар Ироқу Сурия беш аз 250 нафар аз ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик кушта шудаанд. 117 нафар аз ҷавонон изҳори пушаймонӣ карда, ба Ватан баргаштаанд, ки қаблан Ҳукумати кишвар ба ин ҷавонони гумроҳ ваъдаи афв ва раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятиро дода буд. Теъдоде аз ин роҳгумзадагон зиндагии муътадил ихтиёр карданд, аммо шуморе аз побандгаштаҳо дигарбора бо ҳар роҳ боз фирор ба водии марг карданд…
Тибқи иттилои ниҳодҳои қудратӣ, танҳо аз вилояти Суғд, аз 75 нафар бозгаштаҳо 35 нафари онҳо дувумбора озими Сурияву Ироқ гаштаанд ва яқин аст, ки дар майдонҳои набард ҷони ҷавони худро аз даст додаанд. Ин теъдод аз ношукру гумроҳ, амсоли саркардагони ТЭТ ҲНИТ-анд, ки ҳарчанд замоне афв шуданду ба зиндагии осоишта даъват шуданд, аммо бо гузашти як муддат дигарбора даст ба хиёнату таҷовуз заданд ва тавре имрӯз мебинем, онҳо дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон овораву дарбадаранд. Бешак, ин ҷавононе, ки ба хоҷагонашон дил бастаанд ва амри онҳоро чун “улул-амр” ба ҷо меоранд, яқин аст, ки аз решаҳои ТЭТ ҲНИТ об мехӯранд.
Шояд аксарият хуб дар хотир дошта бошанд, ки собиқ фармондеҳи ТЭТ ҲНИТ Шермаҳмад Сафаров (Шери Язгулом), ки шомили гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода буд, аз минтақаи Ишкошими Тоҷикистон ба қаламрави Афғонистон фирор намуда, чанд муддат ҳамроҳ бо ҷангиёни Давлати исломӣ дар ин қаламрав паноҳ бурд. Сафарову чанде аз ҳамроҳонаш бо дастур ва супориши ТЭТ ҲНИТ гурӯҳҳои ҷангӣ омода карда, мехостанд дар қаламрави Тоҷикистон даст ба амалҳои террористӣ зананд. Аммо бар асари як ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои амрикоӣ, Сафарову чанде аз ҳамроҳонаш дар қатори дигар аз саркардагони Давлати исломӣ ба ҳалокат расиданд. Тавре мебинем, бодовардаҳоро бод бурд. ТЭТ ҲНИТ, ки пайваста ҷониби Ҳукумат сангпартоӣ дорад, атрофи чунин амалкарди хуношомонаи ҷангиёнаш муҳри хомӯшӣ бар лаб зад… Бале, табиати ТЭТ ҲНИТ чунин аст: Кӯри айби хешу бинои дигаронанд!
Вақте тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн гардид, ки 35 нафар аз бозгаштаҳо аз қаламрави Ироқу Сурия боз дубора аз Тоҷикистон фирор карданд, аз чунин хабар ТЭТ ҲНИТ рӯҳу илҳом гирифта, дар сомонаву нашрияҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба гунаи худ шарҳу тафсир карданд, ки гӯё “зиндагии сахту бесарусомон дар Тоҷикистон ҷавонони бозгашта аз Сурияву Ироқро водор кард, то дар майдони ҳарб буданро беҳтар аз зиндагӣ дар Тоҷикистон донанд”. Бале, наҳзатиҳои террорист ва олуда бо қатлу куштор, ки асоси пешбурди корҳои сиёсиашонро амсоли хоҷагонашон маҳз моҷароҷӯиву дасисаву террор ташкил медиҳад, аз одитарин ҷузъиёти мушкилот дар Тоҷикистон табли шодӣ мезананд. Ин теъдод аз моҷароҷӯ, зоҳирану ботинан террорист будани худро нишон доданд: амалҳои террористии дар қаламрави Афғонистону Ироқу Сурия ҳар сари вақт ба вуқӯъомадаи онҳо исботи ин гуфтаҳост. Ҳарчанд ин теъдод аз манфиатҷӯ дар сояҳои хоҷагонашон панаҳ мебаранд, аммо яқин аст, ки ба амсоли гургҳои захмин дар дашту биёбони мамолики ҷангзада уллоскашон бегуру кафан бенишон хоҳанд шуд…
Абдуҷаббор Садров,
сокини н.Ховалинг
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ