Ҷоми раиси шаҳри Душанбе:

Волейболбозухтарон дар марҳилаи 1/8 ниҳоӣ 

Марҳилаи аввали мусобиқа оид ба волейбол байни дастаҳои бонувон, ки санаи 6 феврали соли равон баҳри дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи модар оғоз гардид, ба итмом расид.

Тавре иттилоъ дода будем, чунин мусобиқа дар пойтахт нахустин бор тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда, дар он 25 дастаи бонувони волейболбози вазорату идораҳо, раёсату ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр ва дигар муассисаҳои он қувва озмуданд. Мо ҷараёни мусобиқаи мазкурро назорат намуда, аз сатҳи хуби бароҳмонии он аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ» борҳо гузориш ба табъ расондем.

Мо шоҳиди бозиҳои шавқовари дастаҳои бонувон гардида, итминон ҳосил намудем, ки варзиши волейбол низ дар байни  духтарону ҷавонзанон пайравони зиёде дорад. Мақсади масъулони мусобиқа, пеш аз ҳама, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ва билхоса духтарону ҷавонзанон ба тарзи солими ҳаёт ва оммавигардонии варзиш мебошад. Ҷолиб он аст, ки аксари аъзои дастаҳои бонувон дар рафти мусобиқа аз мактаби волейболи бонувони таҷрибадор, ки аъзои дастаи мунтахаби волейболи кишвар мебошанд, сабаки беҳтарин гирифтанд ва ба волейбол меҳр бастанд.

Натиҷаҳои бозиҳои дигари дастаҳо, ки аз 27-уми январ то 24  феврал баргузор шуданд, бо натиҷаҳои зерин ба қайд гирифта шуданд:

ТВ «Ҷаҳоннамо» – Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ- 0:2,    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Суди шаҳри Душанбе — 2 : 0, ҲХДТ дар ш. Душанбе  — МИМҲД н. Сино  —           0: 2, МИМҲД  н. Шоҳмансур – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҶТ      0: 2, Сарраёсати маорифи ш. Душанбе  – МӢМҲД н. И. Сомонӣ —  2 :0, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ — Вазорати кишоварзи ҶТ  —  2 :0, Бонки милии ҶТ – Вазорати рушди иқтисод ва  савдои ҶТ — 2 : 0, «Насли солим» – Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ – 2:0, МИҲД шаҳри Душанбе –Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ  — 2:0, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ    – Маркази давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  —  2:0, РТСУ – Вазорати муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ —  2:0, Агентии омори ҶТ – ТВ     «Ҷаҳоннамо»  — 2 : 0,  ҲХДТ дар ш. Душанбе – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш —   0 : 2, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ —  МИМҲД н. Сино — 2 : 0, МИМҲД н. Шоҳмансур – Суди шаҳри Душанбе   0 : 2, МИМҲД н. И. Сомонӣ — Вазорати рушди иқтисод ва савдо — 0:2, Вазорати корҳои хориҷӣ – Бонки миллӣ —  1 : 2, Сарраёсати маорифи ш. Душанбе – Вазорати кишоварзӣ —  2:0, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ – «Насли солим» — 0 : 2, МИҲД шаҳри Душанбе – ВКД («Динамо») —  2 : 0, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ – Агентии омори ҶТ   0:2, РТСУ – Маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ — 2 : 0, ТВ «Ҷаҳоннамо» – Вазорати муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ —  0 : 2,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш – Суди шаҳри Душанбе —   2 : 0, МИМҲД н. Шоҳмансур – МИМҲД  н. Сино  —    0: 2, ҲХДТ дар ш. Душанбе – Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 0 : 2,  МИМҲД  н. И. Сомонӣ — Вазорати кишоварзӣ — 0 : 2, Бонки миллии ҶТ – Сарраёсати маорифи ш. Душанбе — 2 : 0, Вазорати рушди иқтисод ва  савдо – Вазорати корҳои хориҷӣ  -0:2.

Сардовари мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе  Шодӣ Назарамонов аз ҷумла гуфт:

— Дар ҷамъбасти марҳилаи аввал дастаҳои МИҲД шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи ш. Душанбе, «Насли солим»,  Бонки миллии ҶТ, РТСУ,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии омори ҶТ, Суди шаҳри Душанбе ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Ин марҳила санаи 24-уми феврал сурат гирифта, дастаҳо натиҷаҳои зеринро  ноил гардиданд:  МИҲД шаҳри Душанбе — Сарраёсати маорифи ш. Душанбе – 2:0, «Насли солим» —  Бонки миллӣ – 0:2, РТСУ- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ —  2:0, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш — Агентии омор – 2:0,  Суди шаҳри Душанбе —  Дастгоҳи иҷроияи Президент – 2:0.

Барои муайян кардани ғолибон ба марҳилаи нимниҳоӣ 5 даста —  МИҲД шаҳри Душанбе,    Сарраёсати маорифи ш. Душанбе,  Бонки миллӣ, РТСУ,   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Суди шаҳри Душанбе аз рӯйи системаи даврӣ  бо ҳам вомехӯранд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *