Боз як роҳи сеошёна дар Душанбе

Аз субҳи 26-уми феврал дар чорроҳаи Қарияи Боло бунёди эстакада ё роҳи нави сетабақа шурӯъ шуд. Тарҳи роҳи мошингарди таркибие, ки пойтахтро бо шаҳри Турсунзода мепайвандад, қарор аст дар давоми ду сол сохта ба истифода дода шавад.

Дар ин мӯҳлат сокинони Душанбе бояд ба шароити нав ботаҳаммул муносибат кунанд, чун баста шудани қитъаи хеле муҳими роҳ ба ҷараёни кору ҳаракати сокинон тағйрири ҷиддӣ ворид мекунад. Бунёди эстакадаи нав бахше аз нақшаи Генплан ё бозсохти куллии симои шаҳри Душанбе аст, ки давоми беш аз 10 соли охир амалӣ мешавад. Арзиши бунёди ду чорсӯи сетабақа дар шаҳри Душанбе 38 миллион доллар мебошад, ки 35 миллиони он қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 3 миллиони дигар, кӯмаки фаннии ҳамин бонк аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *