Гургони гурусна дар Роштқалъа 28 сар чорворо дариданд
Дирӯз, 11-уми декабр галлаи гургон ба як рама дар қаламрави деҳаи Сежди наздикии Девлохи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳамла карда, 28 сар чорвои хурдро даридаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора хабар дода, бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ чанд тавсияро пешниҳод менамояд:
— Набояд чорворо беназорат гузошт. Чорвочаронӣ танҳо дар ҳавои рӯшан ва зери назорати ҳамешагии чӯпон бояд сурат гирад. Ин чӯпон бояд ҳатман бо худ воситаҳои ҳимоявӣ ва тарсдиҳандаи дарандагонро дошта бошад. Шабона молҳо бояд ҳатман дар оғилхонаҳое, ки амнияти онҳоро таъмин мекунанд, ҷобаҷо карда шаванд.
— Оғилхонаҳо, молхонаҳо, говхонаҳое, ки дар деҳоти кӯҳӣ ва ё дар канори деҳаҳо ҷойгир шудаанд, бояд бо турҳо ва ё девори на пасттар аз 2,5 метр иҳота шуда бошанд. Девор бояд ҳайвонотро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошишгоҳҳои саҳроии тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд шабона муҳофизат карда шаванд. Бояд аз ҳама гуна воситаҳои тарсонидани паланги барфӣ истифода кард.
— Ҳама ҷасади ҳайвоноте, ки дарандагон даридаанд, бояд аз роҳи сӯзонидан нобуд карда шаванд. Хӯрдани гӯшти ин ҳайвонот номумкин аст, чун метавонад боиси сирояти ҳар гуна касалиҳо, аз ҷумла бемории ҳорӣ шавад.
— Дар шикорхонаҳо, дар бошишгоҳҳои тобистонии чорво ва оғилхона сагҳои хонагӣ бояд бечунучаро дар банд бошанд. Дар ин ҳолат, сагҳо бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии паланг муҳофизат карда шаванд. Ба ин мақсад барои сагҳо паноҳгоҳҳо сохтан лозим аст, ҷойе бояд сохт, ки вуруди паланги барфӣ номумкин бошад.
— Ғайр аз ин, манзили он сокиноне, ки дар канораҳои деҳаҳо ҷойгир шудаанд, бояд бо деворҳои бештар аз 2,5 метр иҳота шуда бошанд, то паланги барфӣ ва гургу ҳайвони дигари даранда имкони вуруд ба он надошта бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ