Гутерриш аз Украина боздид мекунад
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш рӯзи 28-уми апрел аз Украина боздид мекунад. Дар ин бора дар изҳороти дафтари ӯ гуфта мешавад.
«Дабири кулл ҳафтаи оянда аз Украина боздид мекунад. Вай бо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷа мулоқоти корӣ баргузор менамояд ва рӯзи 28-уми апрел аз ҷониби президент Владимир Зеленский ба ҳузур пазируфта мешавад»,- омадааст дар матн.
Дафтари матбуоти дабири кулл таъкид кардааст, ки ӯ ҳамчунин бо кормандони созмони ҷаҳонии фаъолияткунанда дар Украина мулоқот карда, масъалаи “рушдли кумакҳои башардӯстона ба аҳолӣ”-и ин кишварро баррасӣ хоҳад кард.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Гутерриш рӯзи 26-уми апрел озими Маскав мешавад ва дар ҷараёни он бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мулоқот мекунад ва аз сӯи раисиҷумҳур Владимир Путин ба ҳузур пазируфта мешавад.
Рӯзи 19-уми апрел Гутерриш ба намояндагиҳои доимии Федератсияи Русия ва Украина дар СММ нома фиристода, аз президентҳои ду кишвар хостааст, ки ӯро дар пойтахтҳои худ қабул кунанд. Ба гуфтаи намояндаи расмии дабири кулли Созмони Милал Стефан Дюжаррик, Гутерриш изҳор дошт, ки «дар ин лаҳзаи муҳим, ки бо хатарҳои бузург алоқаманд аст, ман мехоҳам иқдомоти фаврӣ барои истиқрори сулҳ дар Украинаро баррасӣ кунам».
Илова бар ин, раҳбари маъмурии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кард, ки дар робита ба таҷлили Пасха аз ҷониби насрониҳои православӣ аз 21-уми апрел дар Украина оташбаси чаҳоррӯзаи башардӯстона эълон карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, таваққуф имкон медиҳад, ки мардуми осоишта эвакуатсия карда шаванд ва ҳамчунин расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии манотиқи аз ҳама осебдида — Мариупол, Херсон, Донетск ва Луҳанск таъмин гардад.
Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ баъдан гуфт, ки ба идеяи созиши Пасха шубҳа дорад, зеро қаблан ҷониби Украина оташбаси эълоншударо риоят намекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ