Тайсон Фюри дар шоҳсуфаи охирини Лондон пирӯз шуд

Қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи версияи Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC) Тайсон Фюри дар шоҳсуфаи охирини Лондон дар варзишгоҳи «Уэмбли» бар ҳамтои худ Диллиан Уайт пирӯз шуд.

Муборизаи боксчиёни вазнбардор дар раунди шашум ба охир расид ва дар охири он ба Фюри муяссар шуд, ки рақибашро нокаут кунад. Ҳамин тариқ, Фюри унвони худро бомуваффақият ҳимоя кард.

Фюрии 33-сола дар 33 набард 32 пирӯзӣ (23 бо нокаут) ва як мусовӣ дорад. Уайти 34-сола ба шикасти сеюм (бо 28 пирӯзӣ, аз ҷумла 19 нокаут) дучор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *