Марафони байналмилалӣ дар Қирғизистон. Варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд (аудио)

Варзишгарони тоҷик дар марафони байналмилалии Иссиқкӯли СҲШ, ки 14-уми майи соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар марафони Иссиқкӯли СҲШ иштироки варзишгарони касбӣ аз кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар давлатҳои хориҷӣ дар назар буда, онҳо аз рӯйи категорияҳои синну солӣ дар масофаҳои 42 км 195 м, 21 км 097 м, 10 км, 3 км байни ҳам сабқат мекунанд. Мусобиқа миёни варзишгарони синни 35-44-сола, 45-54-сола, 55-64-сола, 65-сола ва калонтар сурат мегирад.

— Ҳадаф аз баргузории марафони мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни халқу кишварҳо маҳсуб меёбад,- меафзояд манбаъ.

Бояд гуфт, ки марафони Иссиқкӯл дорои тахассуси байналмилалӣ буда, ба варзишгарон имконият медиҳад, ки ба Бозиҳои Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ роҳхат гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *