Тоҷикистон чанд қаҳрамони ҶБВ дорад?

Иди Ғалаба наздик мешавад. Мехостем донем, ки дар Тоҷикистон чӣ миқдор иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаёт ба сар мебаранд?

Сардор Шокиров,

Сарбоз Ахмедов,

Саидҷон Худоиев,

донишҷӯён аз шаҳри Душанбе

Дар Тоҷикистон 59 сарбози Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 боқӣ мондаанд, ки имсол аз 77-солагии ғалаба бар фашизм таҷлил мекунанд. Аз ин шумора 39 тан нисбат ба як соли қабл кам мебошад.

Тибқи иттилои котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Элмурод Турсунов, ин маълумот дар бораи теъдоди боқимондаи собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ то 12-уми апрел аст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе 9 нафар, дар вилояти Суғд 19 нафар, дар вилояти Хатлон 18 нафар, Турсунзода 2 нафар, Рӯдакӣ 1 нафар, Шаҳринав 3 нафар, Ҳисор 3 нафар, Варзоб 2 нафар, Файзобод 1 нафар ва дар Сангвор 1 нафар умр ба сар мебаранд. Бузургсолтарини онҳо Рашид Каримов аст, ки 9-уми майи соли 1912 таваллуд шудааст. Ӯ ҳоло 112 сол дошта, дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад.

«Ҷавонтарин» собиқадорони ҶБВ Салом Сафаров аз ноҳияи Варзоб ва Раҷаб Қурбонов аз ноҳияи Сангвор 96-сола шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта моҳи апрел дар Тоҷикистон 98 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабти ном шуда буданд.

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ҳудуди 250 ҳазор сарбозу афсари кишвар ва ҳамчунин 45 ҳазор коргари ақибгоҳ ширкат кардаанд. Аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар ба хона барнагаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *