Гуттериш пиряхҳои Помирро дида ҳайрон шуд

 

Антониу Гутерриш: «Аз дидани асароти тағйири иқлим ба шок афтодам – 30 фоизи пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд. Инҷо дигар фурсати таъхир барои иқдом дар масъалаи иқлим боқӣ намондааст.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш рӯзи 12 июн дар пайи боздид аз маҳалли кӯли Сарез ва кӯҳистони Помири Тоҷикистон таассуроташ аз ин сафарро дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер бо нашри се акс дар канори Сарез чунин баён кардааст: «Аз дидани асароти тағйири иқлим ба шок афтодам – 30 фоизи пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд. Инҷо дигар фурсати таъхир барои иқдом дар масъалаи иқлим боқӣ намондааст.” 

Антониу Гутерриш зимни сафараш ба Тоҷикистон бори дигар аз кишварҳои дунё даъват кард, ки мубориза бо асароти тағйири иқлимро тақвият диҳанд. Ӯ гуфт, башарият дигар ҳаққи аз даст додани фурсатро барои чунин мубориза надорад. Дар натиҷаи об шудани пиряхҳо кӯли Сарез метавонад сарбандашро канда, қаламрави бузургеро зери об кунад.

Антониу Гутерриш дар чорчӯби нахустин силсиласафараш ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ шоми 11 июн дар пайи боздид аз Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуд Дабири кулли СММ дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, дар як анҷумани бахшида ба масоили рушди устувор ширкат варзид. Дар чорчӯби ин сафар Гутерриш ҳамчунин ба вилояти Бадахшон сафар кард, то асароти тағйири иқлимро дар намунаи кӯли Сарез ва пиряхҳои обшуда ба чашми худ бубинад.

Аз ин қабл дар Узбекистон дабири кулли Созмони Милалро ба тамошои кӯли тақрибан хушкшудаи Арал бурданд. Антониу Гутерриш фоҷиаи Аралро як фоҷиаи иқлимии тамоми башарият номид.

Шоми 12 июн Антониу Гутерриш аз Душанбе роҳии Туркманистон – нуқтаи ниҳоии силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ шуд. Ӯ дар Ишқобод дар анҷумани минтақавии бахшида ба масоили иҷрои Паймони мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ ширкат мекунад.

Антониу Гутерриш, сарвазири собиқи Португалия дар поёни соли 2016 ба ҷои Пан Ги Мун дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *