Парвандаи писари Ҳалимовро ба додгоҳ фиристоданд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, парвандаи писари Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирориро, ки ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайваст, барои муҳокима ба додгоҳ супурдаанд.

Як манбаъ дар ин мақомот гуфтааст, ки Беҳрӯзи Гулмурод бар тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба “талош барои ҷиноят” ва “зархаридӣ” муттаҳам мешавад. Ин манбаъ гуфт, “ Беҳрӯз бо афроде, ки худро дӯстони падараш муаррифӣ мекарданд, дар тамос буда, бо ҳидояти онҳо талош кардааст, ба назди падараш ба Ироқ биравад.”

Беҳрӯзи 18-сола зимни бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ бо падараш мустақим иртибот надошт ва то замони боздошт, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таввасути афроде, ки худро дӯстони Гулмурод Ҳалимов муаррифӣ мекарданд, аз ҳоли ӯ огаҳ мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *