Хӯҷаназари Аминиён. Сармуҳаррири нави «Садои мардум» кист?

Хӯҷаназари Аминиён бо қарори раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии «Садои мардум» таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Самариддин Асозодаро иваз кард.

Нусхаи қарори якҷояи раисони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Рустами Эмомалӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадтоҳир Зокирзодаро дар мавриди таъйин намудани Аминиён як манбаъ аз парлумони кишвар ба pressa.tj дастрас кард.

Хӯҷаназари Аминиён кист?

Хӯҷаназари Аминиён 20-уми марти соли 1972 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ соли 1995 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Хӯҷаназари Аминиён фаъолияти кориашро соли 1995 дар «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси мудири шуъбаи мухбирони минтақавӣ оғоз карда, аз соли 1996 то соли 1999 ба ҳайси мухбири махсуси «Телевизиони Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, солҳои 1999-2005 ҳамчун муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотӣ ва аз соли 2005 то соли 2006 ба ҳайси сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Мавсуф аз соли 2006 то соли 2008 муовини аввали сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ ва аз моҳи ноябри соли 2008 то феврали соли 2012 чун сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон», аз 1-уми феврали соли 2012 то 1-уми ноябри соли 2012 ба ҳайси мудири шуъбаи танзими барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Хӯҷаназари Аминиён аз моҳи ноябри соли 2012 аз нав ҳамчун сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ва аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016 ба ҳайси муовини директори “Телевизиони Тоҷикистон” кор кардааст.

Хӯҷаназари Аминиён аз моҳи майи соли 2016 то инҷониб сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» буд.

Мавсуф дар давоми фаъолияти кори худ дар “Телевизиони Тоҷикистон” барои иштирок дар конфронсу чорабиниҳои омӯзишии воситаҳои ахбори омма ва инъикоси чорабиниҳои муҳим ба шаҳрҳои Истамбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия, шаҳрҳои Урумчи, Пекин, Ичан, Синан, Сиан, Хубей ва Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Кошон, Исфаҳон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Киеви Украина, шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, шаҳрҳои Москва, Уфа ва Оренбурги Федератсияи Россия ва шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарҳои хизматӣ анҷом додааст.

Номбурда Аълочии телевизион ва радио (соли 2009), Аълочии матбуот (соли 2012), Аълочии фахрии маорифи Тоҷикистон (соли 2013) ва Аълочии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016) мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *