Ҷасади духтари 10-сола пайдо шуд. Ӯ бо хоҳараш ғарқ шуда буд (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз ёфт шудани ҷасади духтари 10-солае хабар дод, ки бо хоҳараш ғарқ шуда буд.

Ёдовар мешавем, ҳодиса рӯзи 2-юми июли соли равон дар канали дериватсионие, ки аз қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузарад, рух дода буд. Ду хоҳар, ки яке 10 ва дуюмӣ 12 сол доштанд, ҳангоме мехостанд аз ҷойи номувофиқ каналро убур кунанд, сарозер шуданд. Ҷасади якеро имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон рӯз пайдо карда, ба волидонаш супурда буданд. Аммо барои пайдо кардани хоҳараки 10-солаи ӯ лозим омад тӯли чанд рӯз корҳои ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ шаванд.

Ниҳоят, КҲФ хабар дод, ки рӯзи 13-уми июли соли равон ҷасади духтари дуюм низ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *