Ҷамшед Шоимзода: Тоҷикистон барои сохтмони “Роғун” сармоя меҷӯяд

Ҳукумати Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бораи ҷалби захираҳои молиявӣ барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гуфтушунид дорад. Дар ин бора муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода хабар дод.

Муовини аввали вазир зикр кард, ки дар баробари Иттиҳоди Аврупо бо дигар кишвару созмонҳои мададрасони молиявии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ низ гуфтушунид ҷараён дорад.

Гап сари он аст, ки яке аз масъалаҳои боздорандаи ҷалби маблағ аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ муайян набудани бозори мушаххаси фурӯши барқи нерӯгоҳи “Роғун” мебошад.

Шоимзода дар ин маврид гуфт, ки Тоҷикистон барои пайдо кардани бозори фурӯши барқ чораҷӯӣ дорад ва аллакай бо Қазоқистону Ӯзбекистон дар мавриди содироти барқ мувофиқа ҳосил шудааст.

“Тоҷикистон азм дорад, ки содироти нерӯи барқро то соли 2030 ба 10 млрд кВт/соат расонад ва пайваста барои пайдо кардани бозор чораҷӯиҳо сурат гирифта истодааст”,- гуфт номбурда.

Қобили зикр аст, ки қаблан Афғонистон ва Покистон ба сифати бозорҳои асосии фурӯши барқи нерӯгоҳи “Роғун” баррасӣ мешуданд. Лекин бо сари ҳокимият омадани толибон дар Афғонистон моҳи августи соли гузашта, ки Тоҷикистон то ҳол онҳоро ба расмият нашинохтааст, дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон тариқи хати интиқоли барқи CASA-1000 нофаҳмиҳо ба миён омаданд.

Ёдрас мекунем, хабаргузории бритониёии Reuters ҳафтаи гузашта бо истинод ба намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки Бонки аврупоии сармоягузорӣ ният дорад сармоягузори бузургтарини нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шавад.

Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки он барои идомаи ҳамаҷонибаи сохтмон кофӣ нест. Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад. Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст. Айни замон ду гидроагрегати нерӯгоҳи “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмуъ насби 6 агрегат дар толори мошинҳо ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки сохтмони нерӯгоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *