Ширкати паҳлавонони Тоҷикистон дар Zagreb Grand Prix 2022

Аз 15 то 17-уми июл дар Загреби Хорватия сайри ҷаҳонии ҷудо идома мекунад, ки бо номи Zagreb Grand Prix 2022 баргузор хоҳад шуд.

Дар мусобиқа аз 71 кишвари 5 қитъаи олам 542 варзишгар ширкат мекунанд, ки 313 мард ва 229 зан ҳастанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 нафар дар вазнҳои гуногун намояндагӣ мекунанд. Инҳо Муҳаммад Маҳмадизода, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни -60 кг), Алиҷон Сафаралиев, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни -66 кг), Наврўз Каримзод (дар вазни 73 кг), Шодмон Ризоев (дар вазни -81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг) ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *