Хӯроку либоси гарм ба кормандони роҳ
Дар рӯзҳои сарди зимистон ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ хӯрок ва либоси гарм расонида шуд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кормандон ҳамарӯза бо як вақт хӯроки гарм таъмин мешаванд.
Масъулини мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми супоридани либосу хӯроки гарм ҳамзамон аз шароити кор, ҳолати гармӣ дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон шинос шуданд. Бо мақсади бидуни мушкилӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аксари биноҳо бо нерӯи гармӣ таъмин гардидаанд, ки ин муассиса яке аз онҳост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ