Ҷаҳонгир Маҷидов

Исмоил Маҳмадзоир ду чемпионро наҷот дод

Маҳдудияти иштирок ва касби холҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои Ҷаҳонгир Маҷидов, яке аз ҷудокорони шинохтаи тоҷик, ки се моҳ пештар аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо гузошта шуда буд, бардошта шуд.

Қазияи Муллораҷаб Халифаев дар ҳоли баррасӣ аст. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2022 Федератсияи байналмилалии ҷудо Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидовро барои қайди душаҳрвандӣ дар низоми Федератсияи байналмилалии ҷудо муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор карда буд.

Аз Федератсяи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки ин тасмим дар натиҷаи гуфтушуниди Исмоил Маҳмадзоир, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо шахсони маъсули Федератсияи байналмилалии ҷудо, ки чанд рӯз дар Тоҷикистон қарор доштанд, гирифта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *