Х.Холиқназар: Тоҷикистон бо Ӯзбекистон шартномаи шарокати стратегӣ мебандад

Худойбердӣ Холиқназар директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки зимни сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни ду кишвар шартномаи шарокати стратегӣ баста мешавад.

Ин нуктаро Холиқназар имрӯз дар мизи мудаввари “Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи фарҳанг”, ки дар маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ба пешвози сафари Президенти кишвар ба Ӯзбекистон баргузор гардид, ироа кард.

Дар кори мизи мудаввар Шоисматов Э. – Сафири фавқулода ва мухтори Ӯзбекистон дар Тоҷикистон иштирок ва дар мавзӯъи “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: уфуқҳои тозаи ҳамкориҳои фарҳангӣ” баромад намуд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш худи Худи Худойбердӣ Холиқназар дар мавзӯъи “Рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳамчун заминаи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”, профессор Мисҳобиддини Нарзиқул дар мавзӯъи “Ҳузури муштараки адибони тоҷик ва ӯзбек дар ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр”, устоди ДМТ Мӯҳриддин Низомӣ дар мавзӯъи “Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – саҳифаи дурахшоне дар таърихи равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек” ва муовини раиси Ҷмъияти “Пайванд” Рӯшони Раҳмон дар мавзӯъи “Умумиятҳои фарҳани муштараки мардуми тоҷику ӯзбек” маърӯзаҳо карданд.

Ҳамчунин, дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби Сафири фавқулода ва мухтори Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон 50 китоб тӯҳфа гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *