Дар шаш моҳ 266 нафар хориҷ шуд

Дар нимсолаи  авали соли 2018 Донишгощи технологии Тоҷикистонро 735 нафар хатм намудааст, ки аз ин шумора 31 нафарашон соҳиби дипломи аъло гаштанд. Дар шаш моҳи сипаригардида 266 нафар бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ хориҷ шудаанд – иброз намуд,  ноиби ректори донишгоҳ Тошматов Маҳмуд, зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ қайд намуд, ки дар натиҷаи комёб шудан ва татбиқи мақсадноки лоиҳаҳои байналмилалӣ имконияти дар донишгоҳ таъсиси марказҳои нав аз ҷумла: Маркази соҳибкории иноватсионии ҷавонон, маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, марказҳои таомҳои  аврупоӣ ва миллӣ, маркази барномасозӣ ва ТИК, синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи фаннӣ ва як   қатор таҷҳизоти муосири зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Номбурда иброз намуд, ки тӯли шаш моҳ 351 корҳои илмӣ-методӣ нашр шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 маротиба зиёд аст. Инчунин қайд гардид, ки кору пайкори  занону духтарон беҳтар гардида дар тамоми дарсҳои амалӣ ширкати фаъолона доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *