Мубориз Усмонов

Хабарҳои нав аз Мубориз Усмонов

Овозхон ва ровии шинохтаи тоҷик Мубориз Усмонов хабар дод, ки мухлисонаш навигариҳои зиёдро интизор бошанд.

— Дӯстони азиз, мо ҳоло болои сурудҳои нав, албоми нав ва консертҳои нав кор карда истодаем. Худо хоҳад, ба наздикӣ ҳамаи навигариҳоро пешкаши шумо мегардонем,- гуфт Мубориз Усмонов.

Ҳамчунин, ӯ иброз дошт, ки пас аз танаффуси зиёд мавсими нави барномаи интернетии “Имшаб»-ро дар “Ютуб” оғоз мекунад.

— Мо дар таҳияи барномаи “Имшаб» хеле танаффус доштем, вале хушбахтона аллакай нашри аввали мавсими навро сабт кардем. Барномаҳои навро бо меҳмонони нав интизор бошед,- афзуд ровӣ. Ёдовар мешавем, ки суруди охирини Мубориз Усмонов бо номи “I am So Sorry” тахминан як моҳ пеш нашр шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *