Хабар диҳед, вазорат пул медиҳад!
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои шаҳрвандоне, дар бораи ҷиноятҳо, қонуншиканиҳо ва дигар ҳаводис ба ин вазорат хабар медиҳанд, як озмуни вижа эълон кардааст.
Вазорат бо ваъдаи кафолати махфӣ нигоҳ доштани шахсияти муаллифон мегӯяд, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳод намудани ахборот оид ба ҷиноят дар миёни шаҳрвандон (хабарнигорони фаврӣ) озмун эълон менамояд.
Дар озмуни мазкур тамоми хоҳишмандон метавонанд фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ахборот пешниҳод намоянд.
Ғолибони фаъоли озмун бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Шаҳрвандон метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоииВайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992-939-222-111 ва почтаҳои электронии [email protected],[email protected] истифода намуда, ахбороти худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани шахсият кафолат дода мешавад.
Телефон барои маълумот: 223-23-31
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ