Нахустпирӯзии «Кӯктош» дар Лигаи олӣ

Навдастаи Лигаи олӣ «Кӯктош»-и Рӯдакӣ  бозии аввалинашро дар Чемпионати XVII Тоҷикистон бо ғалаба бар «Панҷшер»-и  Ҷалолиддини Балхӣ ба анҷом расонд.

Бозии мазкур, ки 11 март дар варзишгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барпо шуд, бартарии мизбононро бо ҳисоби 2:1 нишон дод. Ду голро бозигарони  легионери «Кӯктош»Принс Артур (дақиқаи 27-ум) ва Идан Окран (дақ.28-ум) ва голи ҷавобиро  Хайриддин Тӯрахонов (дақ. 69-ум) заданд. Бар замми ин, Идан Окран қабл аз анҷоми вохӯрӣ зарбаи ҷаримавии 11-метраро ба дарвозаи меҳмонон ворид карда натавонист.

Бад-ин минвол, «Кӯктош» бо пирӯзии аввалин дар даври якум ба мисли  «Истиқлол» бо 3 хол дар садри ҷадвали мусобиқа  ҷой гирифт.

Бозиҳои даври дуюм 16-18 март баргузор мешавад.16 март  «Хуҷанд» дар майдони худ  «Хатлон» , 17 март  «Панҷшер» КМВА «Помир» ва  18 март  «Кӯктош»  «Регар-ТадАЗ»-ро «меҳмондорӣ»  мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *