Вазорати нақлиёти Русия аз Тоҷикистон боз норозӣ шуд

Вазорати нақлиёти Русия дар як баёния мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро айбдор кард, ки бар хилофи тавофуқот ва бидуни огоҳии пешакӣ ба ширкати русии «Уралские авиалинии” барои анҷоми парвозҳо дар масири Перм – Душанбе иҷозат надодааст.

Маскав ҳушдор дод, ки агар Душанбе ба тамоми парвозҳои «Уралские авиалинии” иҷозат надиҳад, ҳамчун чораи ҷавобӣ ба зидди ширкатҳои Тоҷикистон таҳримот ҷорӣ мекунад. Ин моҷаро дар ҳолест ки мавсими нави сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия авҷ гирифта истодааст.

Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 13 март дар сомонаи расмиаш як баёнияи расмиеро бо номи «Министерство транспорта РФ выражает обеспокоенность в связи с неподтверждением полетов российского назначенного перевозчика авиакомпании «Уральские авиалинии» в Таджикистан» («Вазорати нақлиёти Русия аз тасдиқ нашудани парвозҳои ширкати ҳавопаймоии аз ҷониби Русия ҳамчун мусофиркаш таъйиншудаи «Уралские авиалинии” ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад”) нашр кард.

Дар баёния аз ҷумла гуфта мешавад: «Бар хилофи тавофуқоти байналмилалӣ ва бидуни огаҳии пешакӣ, ҷониби Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳои мусофиркаши зикршуда дар масири Перм – Душанбе иҷозат надод. Аз 12 марти соли 2018 ин боиси тавқифи парвозҳои ширкати ҳавопаймоӣ гардида, сабаби поймол шудани ҳуқуқи мусофирон шуд. Дархости ширкат барои анҷоми парвозҳо дар масирҳои Краснодар-Хуҷанд Челябинск – Душанбе” ва Жуковский – Кӯлоб, ки бо назардошти тавофуқоти дутарафа ироа шуда буданд ва мутобиқ ба АИП (Маҷмӯаи иттилооти авиатсионӣ)-и Тоҷикистон мебошанд, низ дар ҳоли ҳозир бо сабабҳои номаълум тасдиқношуда боқӣ мемонанд.”

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон то кунун дар ин масъала изҳори назар накардаанд, вале Душанбе дархости ширкати русии «Уралские авиалиниии” барои анҷоми парвозҳо байни Русияву Тоҷикистонро то ҳол бепосух гузоштааст, ки бо расидани баҳор мавсими нави барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтани сокинони Тоҷикистон дар ҳоли авҷ гирифтан аст. Ҳар сол бо анҷоми фасли сармо то як миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини зиндагии хонаводаҳои худ озими Русия мешаванд ва дар ин мавсим рақобат байни ширкатҳои русиву тоҷикӣ барои ба тарафи худ гардондани шумори ҳарчӣ бештари мусофирони роҳии Русия низ шиддат мегирад.

Вазорати нақлиёти Русия дар изҳорота вазорати нақлиёти Тоҷикистонро ба иҷрои ӯҳдадгориҳои дар чорчӯби тавофуқоти байналмилалӣ ба дӯш гирифтааш даъват карда, ҳамчунин хостори музокироти сареъ бар сари ихтилофоти бархоста байни Маскаву Душанбе шудааст: «Агар мақомоти авиатсионии Тоҷикистон дар мавриди ҳалли ин вазъият суолҳои иловагие дошта бошанд, мақомоти авиатсионии Русия барои оғози музокирот дар таърихи 22 ё 23 март дар Маскав изҳори омодагӣ мекунанд ва хоҳиш доранд, ки то ин музокироиҷозатномаҳои лозимбарои анҷоми парвозҳо ба ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии” дода шавад.”

Вазорати нақлиёти Маскав гуфтааст, ки ҷониби Русия пайгирона дунболи иҷрои тавофуқоти бадастомада мебошад ва умедвор аст, ки Душанбе низ барои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳавопаймоӣ бо Русия омода ҳаст. Вале, меафзояд вазорати нақлиёти Русия, «дар сурати тасдиқ накардани барномаи парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии” дар тамоми хатҳои дар боло зикршуда тибқи дархостҳои ироашуда, ҷониби Русия барои худ ҳақ медиҳад, ки аз чораҳои ҷавобӣ нисбат ба мусофиркаши аз ҷониби Тоҷикистон таъйиншуда кор бигирад.”

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *