Хабарнигори Радиои Озодӣ ғарқ шуд ё…
Уланбек Эзгибоев, яке аз хабарнигорони шинохтаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар синни 28-солагӣ даргузашт. Сабаби дақиқи маргаш эълон нашудааст.
Ҳамин қадар маълум аст, ки ӯро нисфирӯзии 22-уми июл дар кӯле дар шаҳри Чолпон Ато дар ҳоли ғарқ шудан мушоҳида карда ва аз об берун овардаанд. Ӯро дар ҳоли беҳушӣ ба шифохона бурдаанд, вале дар онҷо ҷон додааст. Мақомоти вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯянд, ки сабаби ҳалокати хабарнигори ҷавонро таҳқиқ мекунад.Уланбек Эзгибоев, яке аз хабарнигорони шинохта дар Қирғизистон буд ва соли 2016 барои як гузориши видеоиаш роҷеъ ба ҷавони маълуле ҷоизаи мӯътабари «Вебби Авард»- ро соҳиб шуд. Ӯро барои гирифтани ҷоиза ҳамроҳ бо қаҳрамонаш ба шаҳри Ню Йорк даъват карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ