Хадамоти алоқа: Ба хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накунед!

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷорӣ шудани қоидаҳои нав дар алоқаи барқиро рад кард.

Бино ба иттилое, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар ихтиёри хабаргузори “Sputnik” гузоштааст, ин ниҳод хабари шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи “қоидахои нави алоқа»-ро комилан рад карда, беасос медонад.

“Дар ин хабари фейкӣ аз сабти ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp ва инчунин мониторинги Twitter, Facebook сухан меравад, ки комилан беасос ва гумроҳкунанда аст”, — гуфтанд дар Хадамоти алоқа.

Хадамоти алоқа ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки аз ҷониби ин ниҳод ва операторони алоқаи барқӣ ҳеҷ гуна қоидаи наве ҷорӣ нашуда, фаъолияти соҳаи алоқа дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар ба таври маъмул идома меёбад.

Хадамот аз муштариёни операторони мобилӣ ва кулли шаҳрвандон мехоҳад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ ва фейкӣ бовар накунанд.

“Мо бовар дорем, ки ин гуна хабару овозаҳо бардурӯғ аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо мақсади ба таҳлука андохтани ҷомеа паҳн карда мешаванд”, — гуфт манбаъ.

Ин ниҳод афзудааст, бо тамоми операторони алоқаи барқӣ ҳама гуна тағйирот ва қоидаҳои навро ба таври расмӣ манзури шаҳрвандон мекунанд, бино бар ин, бори дигар хоҳиш карда мешавад, ки танҳо хабарҳои расмиро пайгирӣ намоянд.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ як матне пайдо шуд, ки бино ба он, шуруъ аз моҳи равон ҳама зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва зангҳои Whatsapp, Twitter, Facebook, ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо сабту мониторинг мешаванд ва тамоми дастгоҳҳо ба системаҳои идоравии CDMX пайваст карда шудаанд. Дар ин матн аз мардум хоста мешавад, ки паёмҳои нолозим ё иттилооти хилофи қонунҳо ва ахлоқро нафиристода, ҳатто шӯхии ноҷо накунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *