Боздошти 13 фолбину ҷодугар дар Хатлон (ном ба ном)

Мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани ҷодугарону фолбинҳо пайваста рейду амалиётҳо гузаронида, чеҳраи чунин афродро ба мардум мешиносонад, то ки шаҳрвандони гумроҳ ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.

Аз ҷумла, ҳафтаи сипаришуда зимни баргузории чорабиниҳои санҷишӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия 13 ҳолати машғул шудани шаҳрвандон ба сеҳру ҷодугарӣ ошкору муайян карда шуд.

Инҳо:

Абдуллоев Ҳабибулло Мусовирович, соли таваллудаш 26.02.1966, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Орҷоникидзе;

Гадоева Гавҳарбӣ, соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Лолазор;

Мавлянова Замира, соли таваллудаш1970, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Саричашма;

Худоёрова Рузиой, соли таваллудаш1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Устокорон;

Юнусов Ҳайдар, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Низомӣ;

Муратова Шоира, соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Арабхона;

Наврузов Шариф,соли таваллудаш 1963, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи С.Вализода;

Мирзохонова Ҳанифа, соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳаи Ғаллаобод, деҳаи Ҳақиқат;

Сарматов Ашур Эргашович соли таваллудаш 16.03.1970, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ;

Раҷабова Гулдаста, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Истиқлол;

Сафаралиева Раиса, соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, кӯчаи Холиқов;

Тағоева Шаҳло, соли таваллуд 1971, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, деҳаи Олтинсой;

Чуянова Ҳиҷронбӣ, соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор;

“Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки мутаассифона қисме аз ин тоифаи мардумфиреб ва каҷрафтор худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии дастгиршудагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, инчунин расму суратҳои шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилоту ширкатҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд”,-иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Маълум шудааст, ки нафарони болозикр ягон дониши тиббиву динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдорҳои мардумфиребона мезадаанд. Нисбати 13 нафар ҷодугарон ва фолбинҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *