Хадамоти алоқа: Минбаъд Интернетро танҳо ШҶТМ бихаред!

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дар кишвар дастур додааст, ки аз ин ба баъд Интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” ё ШҶТМ бихаранд. Ин шабака тоза таъсис шуда, мутааллиқ ба “Тоҷиктелеком” гуфта мешавад. То кунун баъзе аз ширкатҳои мухобиротӣ Интернетро аз Қирғизистон ва кишварҳои дигар мегирифтанд.

Ширкатҳои мухобиротӣ дастури нави Хадамоти алоқаро оғози ҳафта дастрас намудаанд. Дар ин дастур гуфта шудааст: “Ба Шумо дастур дода мешавад, ки минбаъд харидории траффики Интернетро танҳо ба воситаи ШҶТМ — филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” ба роҳ монед. Ин иқдом ба хотири амният гирифта шудааст”.

Ширкатҳои мобилӣ изҳори норозигӣ мекунанд, ки онҳо аз берун интернетро бо нархи арзонтар ворид мекарданд, вале акнун танҳо вобастаи як сохтор хоҳанд буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *