Толеъномаи 14 январ 2018

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯз  чандон бобарор нест. Якрангиии зиндагӣ шуморо дилгир кадааст. Дил ҷӯёи навгонист аммо чигуна ба он расиданро намедонад. Ба назар чунин мерасад,ки шахсе шуморо ба хубӣ ба қавле бе сухан дарк карда истодааст, аммо ғофил мабошед эҳтимол вай бадхоҳӣ шумост. Нимаи дӯвуми рӯз сардардии шадид шуморо азият медиҳад.Аз пурхӯрӣ ва истеъмоли ғизои носолим хӯддорӣ намоед. Сӯҳбати самимӣ сари як пиёла чой бо ҳамхонаҳо ба манфиати шумо хоҳад буд.

 

Савр ( 21 апрел – 22 май)

 

Рӯзи хубу ороме хоҳад буд. Иродаи қавӣ ва  сабр барои ба мақсад расиданатон кӯмак мерасонанд. Барои барқарории робита бо шарикони корӣ фурсати муносиб аст. Эҳтимоли шиносои бо шахсе, ки ҳамкорӣ бо ӯ орзуятон буд вуҷуд дорад. Табъатонро болида нигоҳ доред то саломатиатон низ хуб бошад. Дар муошират бо ҳамсар ва дигар аҳли хонавода аз тундгӯӣ парҳез намоед.

 

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Таҳаммул ва сабр имрӯз ба шумо бисёр зарур хоҳанд буд то аз ҳолатҳои ногувор ба хубӣ бароед. Аз яке аз наздикон дилмонда мешавед ё баръакс аз фикри бадӣ хеш нисбаташ пушаймон мешавед. Қобилияти худмуҳофизатии организматон заиф гаштаасту эҳтимоли сироятёбиатон зиёд. Аз ҷойҳои серодам дур бошед ва аз хунукӣ эҳтиёт кунед.  Нофаҳмиҳо дар оила шуморо рӯҳафтода кардааст, вале агар  каме ботаҳуммултар шаведу  фикри ҳамхонаҳоятонро гуш кунед мушкилотатон ҳал мешавад. Аз имзои ҳамагуна ҳуҷатҳо худдорӣ намоед беҳтар аст.

 

Саратон (22 июн- 22 июл)

 

Ба ҳиссиёт дода нашавед дар гирифтани тасмимҳо шитобкорӣ накунед. Танҳо дар ҳамин ҳол  натиҷаи дилхоҳро ба даст хоҳед овард. Кӯмак ва фаҳмиши маънавӣ аз ҷонибе мерасад, ки тамоман чашмдор набудед. Гардиш дар ҳавои тоза ва каме машқи ҷисмонӣ баҳри рафъи бедорхобӣ кӯмаки хуб хоҳад буд. Сабаби беаҳамиятии наздикон ба шумо на бемеҳрӣ, балки серкории онҳост каме сабр кунед ва инро хоҳед фаҳмид. Корҳои оғозкардаатон ба анҷом норасонда кори ҷадидро пеш нагиред, ки муваффақ нахоҳед шуд.

 

Асад ( 23 июл – 23 август)

Шумо тамоми рӯз серташвиш ва банди корҳои гуногун мешаведу ягонтоашро ба анҷом расонида наметавонед. Шӯхиҳои бемавриди наздикон боиси асабоният мешавад. Аз масрафҳои беҳуда худдорӣ намоед,зеро ба зудӣ барои корӣ муҳиме маблаъ лозим мешавад. Истеъмолӣ нӯшокиҳои спиртӣ ба саломатиатон зиёнӣ зиёд меоваранд.  Муҳаббат ва самимияти аъзои хонавода боиси хушҳолии шумо хоҳад гашт.Аз баҳс бо ҳамсаратон канораҷӯӣ кунед. Даромади пулие дар назар аст.

 

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Ҳама гапро ҷиддӣ мегиред ҳатто ҳазл ва хушгӯйии атрофиён ба шумо сахт мерасад. Эҳтиёт бошед муноқишаи хурде метавонад ба душмании якумра мубаддал гардад. Аз додан ва гирифтани қарз худдорӣ намоед.   Хариди калон низ ба манфиати шумо нахоҳад буд. Ҷисматон ба варзиш ниёз дорад. Барои меҳмонӣ рафтан ё ба меҳмонӣ даъват кардан рӯзи хубест. Фурсати он расидааст,ки кинаро аз дил бароред.

 

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Афсӯсхӯрӣ ва ёди рӯзҳои гузашта намегузорад аз ҳаёти кунуниатон ҳаловат баред. Имрӯз бе сабаб асабӣ ва рӯҳафтода хоҳед шуд Беҳтараш  шахси наздикатонро дар баратон нигоҳ доред, зеро дастгирии маънавии ӯ ба шумо зарур хоҳад буд.Барои солимии мӯйҳоятон хӯрокҳои серғизо ва равғаи растанӣ истеъмол кунед. Дар муомила бо фарзандон ба садои дилатон гӯш диҳед хато намекунед.

 

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Барои вохӯрӣ бо шахсе, ки дер боз надидаед рӯзи хубест. Бо осонӣ дар дилу дидаи атрофиён  ҷойгузин мешавед. Даромади пулӣ эҳтимол дорад. Хабари хуше дар мавриди дӯстдоштаатон ё муносибатҳоятон хоҳед шунид. Агар дар фикри тағйири зиндагиатон ҳастед пас вақти муносиб аст. Вазъи саломатиатон хуб аст. Ба манфиат ё зарари шумо баргаштани шиносои нав аз муносибати худатон вобастааст. Ба намуди зоҳирии хеш аҳамияти хоса диҳед.Фаромуш насозед, ки аввал аз сару либос ба инсон баҳо медиҳанд ва танҳо баъдад аз фаҳмишу донишаш.

 

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Зудбовариатон метавонад ба мушкилоти ҷиддие оварда расонад эҳтиёт бошед. Дар имрӯз ба ҷузъиётҳое, ки дар назари аввал ночиз метобанд аҳамияти бештар диҳед.Ҳатман ба назди духтури дандон равед то мушкилоти хурдатон ба бедандонӣ оварда нарасонад. Муносибатҳоятон бо шахсе, ки бароятон азиз аст шигифтангез буда намефаҳмед, ки ин дӯстӣ аст ё ошиқӣ. Қавсҳои оиладор кӯдаконро ба хонаи бибиашон меҳмонӣ фиристода дар фикри хуш кардани табъи ҳамсаратон шавед.

 

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Умед доред, ки рӯз хуш ва ғайри оддӣ хоҳад буд, вале бефоида. Барои машғул шудан ба корҳои хоҷагидорӣ ва ё таъмири хона рӯзи хубест. Нимаи дуюми рӯз шояд ба вохӯрии ошиқона даъват шуданатон мумкин, лекин он чандон романтикӣ нахоҳад буд.Барои хароб нашудани асабҳоятон аз доруҳои оромбахш истифода баред. Бо ҳамсаратон мисли прокурор дар додгоҳ муносибат накунед кӯшиш кунед, ки худро дар ҷойи ӯ тасаввур кунед ва сабаби чунин рафтор карданашро дарк хоҳед кард.

 

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ҳама кор ба ҳиссиётатон бовар кунед ва хато нахоҳед кард. Ҳарчанд рафторатон ба атрофиён нофаҳмо менамод, лекин шумо дар роҳи дурустед. Саломатиатон дар ҳоли барқароршавист. Новобаста аз рӯзи истироҳат буданаш мумкин шуморо таъҷилӣ ба коргоҳ даъват кунанд. Имрӯз ба забонёфтан бо яке аз ақрабои наздикаш , ки пеш аз ин тоқати диданашро надоштед азизи дилатонро дар ҳайрат мегузоред.

 

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дилатон беқарор ва хоҳони навгонист.  Аз ӯҳдаи ҳар коре ба осонӣ мебароед. Вале ба ҳар ҳол аз корҳои ҷисмонӣ ва истеъмолӣ хурокҳои бадҳазм  ва нӯшокиҳо спиртӣ даст кашед.Бештар хоб кунед, зеро хоб истироҳати хуб барои организм мебошад.Шавқу ҳавасатон ба муҳаббати ҳақиқӣ мубаддал гаштааст, шак накунед дар интихоби ӯ хато накардаед. Аз “қаҳрамониҳо”-ятон наздикон ба шӯр омаданашон мумкин аз ҳад нагузаронед

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *