Хандаи шаб

Марди нондӯстдор
Марди деҳотие ба яке аз ошхонаҳои шаҳр медарояду самбӯса мегирад, баъд пешхизматро садо карда, боз нон дархост мекунад. Пешхизмат дар тааҷҷуб монда мепурсад: -Наход, одам самбӯсаро ҳам бо нон хӯрад?
Мард дар ҷавоб:
-Ман хлебро ҳам бо нон мехӯрам.

Хотираи заиф
Зану шавҳар писардор мешаванду ба фарзандашон Абдуғаффор ном мегузоранд. Баъди чанд рӯз ба идораи ақди никоҳ мераванд, то ки барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд гиранд. Зан ҳарчанд фикр мекунад, номи кӯдакро ба хотир оварда наметавонад. Дари утоқро кушода, аз шавҳараш, ки дар роҳрав нишастааст, мепурсад:
-Отаи Абдуғаффор, номи писарамон чӣ буд. Эээ Абдуғаффор буд — а?

Милтиқи асил
Марде дар хонаи дӯсташ чой менӯшанд. Писарчаи панҷсолаи соҳибхона ба наздашон омада, аз милтиқчаи кӯдакона ҳардуро ба нишон мегирад. Мардҳо барои шод сохтани кӯдак худро ба замин партофта мурда вонамуд мекунанд.
Кӯдак хандида мегӯяд:
-Аз ҷой хезед, милтиқи ман бозичагӣ аст, агар ҳақиқӣ мешуд, ман пойҳоятонро ба нишон мегирифтам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *