Омори гирифторон ва шифоёфтагони COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар  Тоҷикистон то соати 17:00 дақиқаи 2 июн   4100 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус  ошкор гардидааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мегӯяд, ки аз ин беморӣ то кунун 2217 нафар ё 54% шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, то 2 июн дар мамлакат 1612 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 393 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *