Хандаи шаб
Ҷанги духтарон
Ҷавоне ба милисахона занг мезанад. Милисаи навбатчӣ гӯширо бардошта:
-Шуморо гӯш мекунем.
Ҷавон: Дар ин ҷо 2 духтар барои ман рӯканиву мӯканӣ доранд.
Милиса дар ҷавоб:
-Ин хушбахтист-ку.
Ҷавон дар ҷавоб:
-Не, ако, гап сари он аст, ки духтари баднамуд ғолиб омада истодааст.
Бахти кушода
Духтаре назди фолбин омада, мегӯяд:
-Ду ҷавон ба ман ошиқ ҳастанд, Шаҳром ва Суҳроб. Ба ман гӯед, ки бахти кадомаш механдад?
Фолбин қарта кушода мегӯяд:
-Бахти Шаҳром механдад, ту зани Суҳроб мешавӣ…
Гуноҳи мард
Субҳ зан ба шавҳар мегӯяд:
-Ту боз дар хобат гап задӣ.
Шавҳар дар ҷавоб:
-Худоё, ман дигар дар хобам ҳам гап назанам?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ