Хандаи шаб
Аблаҳ
Ҷавоне аз модараш мепурсад:
-Оча, шумо мабодо маро аз Хонаи кӯдакон нагирифта бошед, ман писари худатон ҳастам-мӣ?
Модар дар ҷавоб:
-Ман чунин аблаҳро ҳеҷ гоҳ намегирифтам.
Санг ё булочка?
Дар толори суд, аз судшаванда мепурсанд:
-Айбдоршаванда, чаро шумо ба сари фурӯшанда бо санг зада кафондед?
Айбдоршаванда дар ҷавоб:
-Ин санг набуд, балки «булочкаи нав»-е буд, ки фурӯшанда ба ман дода буд!
Муҳаббати пулакӣ
Марде изҳори муҳаббат мекунад:
-Ҷонакам, ман намедонам муҳаббати худро чӣ гуна ба ту иброз намоям!
Зан дар ҷавоб:
-Ту бо пул иброз намудан гир!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ