Хар бо 87 кило бангдона ба даст афтод
Маъмурони Агентии мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд аз мавзеи Чойрухдарон беш аз 87 кило маводи мухаддир дарёфт кардаанд.
Нозирони Агентӣ ин миқдор маводи мухаддирро аз болои харе гирифтаанд, ки соҳибаш маълум нест. Навбатдори раёсати Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд гуфтааст,ки «маводи мухаддир аз 87 килову 500 грамм бангдона (канабис) иборат буда, аз мавзеи Чойрухдарони шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ёфт шуд ва мусодира гардид». Пас аз дарёфт кардани ин миқдор маводи мухаддир бар асоси моддаи 200, қисми 4, банди (б)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан” парванда боз кардааст. «То ба ҳол шахсияти қочоқбар маълум нест. Парванда аз рӯи ҳолат боз шуда, тафтишот идома дорад», — гуфтаанд дар раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд.Зимнан, қочоқбарон роҳу усулҳои нави интиқоли маводи мухаддирро кашф мекунанд. То кунун мақомот аз интиқоли маводи мухаддир дар дохили чормағз, карам ва ё бо истифода аз дронҳо хабар дода буданд.Нодиртарин ҳолатҳои тарзи интиқоли маводи мухаддиро кормандони Агентии мубориза бо маводи мухаддир дар як осорхона ҷамъ овардаанд. Дар ин осорхона айни замон 15 экспонат гирд оварда шудааст: шурӯъ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир дар дохили тӯби теннис то дохили пошнаи пойафзол ва тубаки хамираи дандоншӯӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ