Як пула гапу сад пула ғавғо Ё чаро хабарнигорон ҳуҷраидиректорро“сӯхтанд”?

 

 …Бори аввал дар бораи ин ҳодиса дар сомонаи “Ахбор” хондам,ки бознашр аз нашрияи “Пайк” будааст.

Дар хабаре бо номи “Милисаҳо ятимонро бо шаппотӣ заданд” ки  дар ин сомона чоп шуда буд, гуфта мешуд, ки дар мактаб интернати №2 шаҳри Кӯлоб ду нафар хонандаи синфи 9 утоқи кориидиректори онро ба коми оташ кашидаанд. Ҳайрон шудам,ки наход тарбиятгирандагони мактаб интернат, онҳое, ки ин муассиса ҳамчун модар ба оғӯшашон гирифта тарбия мекунад, утоқи кории сарварашонро оташ зада бошад? Агар чунин ҳодиса шуда бошад, пас сабаб чист ва инҷо гуноҳи кист? Азми сафари шаҳри Кӯлоб намудам. Зеро ин ҳодиса ба назарам гӯшношунид буд. ДарКӯлоб аввалин коре, ки кардам, аз шӯъбаи оташнишонӣ пурсидам,ки оё дар рӯзҳои Иди Рамазон дар мактаб-интернат ҳодисаи сӯхтор ба амал  омад буд?  Сардори Раёсати сӯхторхомӯшкунӣ ҳайрон шуд, вале бо вуҷуди ин дафтари қайдҳои сухторро кушода, бо аломати рад сар ҷунбонд ва ҷавоб дод, ки на дар ин рӯзҳо ва на пеш ё баъд аз он дар ин муассиса ҳеҷ гуна сӯхторе ба қайд гирифта нашудааст. Шояд ин амалро пинҳон карда бошанду мардум медонанд ва аз чунин ҳодисаҳо қабл аз ҳама рузноманигорони маҳаллӣ огоҳ мешаванд. Ба ҳамин хотир, ба рузноманигори муқими Кулоб, дӯсти чандинсолаам Билоли Шамс занг задам. Ӯ баъд аз фаҳмидани мақсад и ман аз ман ҳам бештар ҳайрон шуда гуфт, ки биё якҷоя тадқиқот мебарам, шояд ягон ҳодиса шудаасту ҳамкасбони дигарамон д ар ин бора навиштаанд. Бо ин мақсад ба мактаб–интернате, ки дар мақола номбар шуда буд, омадем. Саҳни мактаб зебою пур аз гул буд. Дар даромадгоҳи мактаб моро посбони он бо исми Сафаралӣ пешвоз гирифт ва чун фаҳмид, ки рузноманигорем, сабаби омаданамонро пурсид. Гуфтем, ки дар бораи сухтори утоқи роҳбаратон маълумот гирифтанием. Сафаралӣ бо ҳайрат пурсид, ки кадом сухтор ва баъдан маълумот дод, ки маҳз дар ҳамон шабу рӯзҳое, ки дар мақолаи дар боло овардаамон гуфта мешуд, навбати ӯ будааст ва ягон чунин ҳодисае рух надодааст.

-Агар на танҳо дар утоқи муаллима, балки дар дуртарин гӯшаи мактаб оташаке пайдо шавад, мо огоҳ мешавем ва ин суханонро кӣ бофта баровардааст, ман ҳайрон.-гуфт Сафаралӣ

-Ҳоло мо метавонем бо худи муаллима вохурем?

-Марҳамат, он кас дар утоқи  кориашон…

Якҷо бо ҳамкасбам Билол як нафар аз муаллимон моро ба кабинети директори муассиса роҳнамоӣ кард. Баробари дохили утоқ шудан ба чор тарафи кабинет назар андохта, изи сухтор кофтам. Вале  дар ин утоқе,ки деворҳояш сап-сафед буданду хурдатарин паи сухтор боқӣ мемонд, чизеро надидам. Директори муассиса РоҳилаиНурмуҳаммадзода мақсади маро фаҳмид ва гуфт:

-Шояд шумо ҳам изи сухтор меҷӯед? Охир чизи набударо барои шумо хабарнигорон аз куҷо пайдо кунем?

Ӯ аз ҷояш хеста ба наздамон омад ва ба суханаш давомдод:

-Ман ҳам вақте, ки мақоларо дар бораи “сӯхтори кабинетам” шунидам, ҳайрон шудам, кибаъзе ҳамкасбонатон аз пашша фил месозанд.

-Муаллима, охир шумо ду нафар хонандаи мактабатонро барои ин сухтор ба милиса дода будаед ку…

Ҷавоб медиҳад:

-Аввалаш, мо бо кормандони ШКД ҳамкории зич дорем ва баъзан хонандагони саркашро барои беҳтар тарбия ёфтанашон бо милисаи ноболиғон рӯ ба рӯ мекунем ва аз кумаки онҳо истифода мебарем. Он ду хонанадеро, ки шумо дар назар доред, ман барои онба милиса додам, ки дар рузҳои ИдиФитр бе иҷозати ман аз ҳудуди интернат баромада рафтаанд. Баъдтар фаҳмидам, ки онҳо ба хонаи як муаллими худ рафта будаанд. Гап дар сари он,ки муаллими онҳоСафаров ба хотири он, ки ин бачаҳо иди худро хушгузаронанд, онҳоро ба хонааш бурдааст ва ман аз ин чиз бехабар будам. Албатта, ин ҷо айби омӯзгор ҳаст, ки дар ин бора маро огоҳ накардааст. Ҳамчун роҳбаре, ки тақдири бачаҳоро ба ман бовар карда супоридаанд, маҷбур будам дар ин бора ба кормандони ШКД хабар диҳам. Аммо дар мақолагуфтаанд, ки гӯём ман барои ким-кадом сухтор ба милиса дода будаам, ки дурӯғи маҳз аст.

-Оё мо метавонем бо он бачаҳова бо муаллиме, ки онҳоро бурдааст, ҳамсуҳбат шавем?

-Марҳамат, ҳоло ҳам муаалим ва ҳам он хонандагон дар ҳаминҷоянд.

Баъд аз ин суҳбат,  мо бо муаллим Сафаров ,ки ба хонааш бурдани хонандагон чунин сару садоҳоро ба миён оварда буд, сӯҳбат намудем. Муаллим тасдиқ намуд, ки воқеан ҳам ӯ ин хонандагонро дар рузҳои ид барои он,ки дар мактаб ҳамсинфонашон набуданд, ба хонааш бурда будааст,вале дар ин бора танҳо сармураббиро огоҳ намудаасту ба директор чизе нагуфтааст.

-Вақте, ки ин бачаҳоро ба ШКД бурданд, шумо ҳамроҳашон будед?-мепурсам аз муаллим

-Албатта, зеро ҳамроҳи ноболиғ дарвақти пурсиш бояд волидонаш ва ё педагог ҳамроҳ бошад. Ман ҳам вазифаамро иҷро кардам ва ҳароҳи онҳо будам. Аммо он ҷо сухан танҳо дар бораи худсарона тарк намудани ҳудуди мактаб интернат мерафт ва дар бораи ягон сухтор ягон саволу ҷавоб нашуда буд. Пас азон, ки ман асли масъаларо фаҳмондам, аз шуъба моро ҷавоб доданду ба мактаб баргаштем.

-Дар хабар гуфта шудааст,ки талабаҳои шуморо  ба руяшон бо шаппотӣ заданд, ки ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ин рост аст?

Муаллим дар ҷавоби ин савол табссум кард ва гуфт:

-Беҳтараш аз худашон пурсед, охир ман дар он ҷо будам  ва умуман ягон гапи ба ин монанд нашудааст…

Хонадагони синфи 9 “А” гадоев аловидди ва Рӯзимати Абдумаҷид аз дари утоқ ворид гардиданд ва ман хостам дар чеҳари онҳо изи ягон ҷароҳат ва зарбу латро пайдо кунам. Аммо дар назди ман ду наврасе меистоданд, ки дар назар хеле солим ва чеҳраашон низ ба бемор ё нафаре, ки ба наздикӣ зарбу латро паси сар кардааст, монанд набуд.

-Чаро кабинети директорро оташ задед?-беибо мепурсам аз онҳо.

-Кадом кабинетро? Кай?

-Охир худатон ба хабарнигорон гуфтаед, ки моро барои сухтори кабинети директор милисаҳо заданд?

-Ин гап дурӯғ аст ва моро касе на шаллоқ задаасту на дар бораи сухтор пурсидааст. Моро дар бораи бесабаб ва бе пурсиш аз интернат баромаданамон пурсон шуданд. Баъд вақте, ки муаллим дар бораи чи тавр шудани ин кор ба милисаҳо гуфтанд, моро ҷавоб доданд…

-Аловиддин, гуфтаӣ ,ки гӯё як гусфандро кадоме овардаасту ту куштаӣ ва онро ба шумоён надода, директори мактаб гирифтааст. Оё ин суханон дурустанд?

-Ман гусфандро накуштаам, танҳо гусфанди кушташударо пусту пора кардаму баъд ба ошхонаи мактаб бурданд…

-Дар хурокатон ошпазҳо гушт меандозанд?

-Албатта, мо ягон бор хуроки бегушт намехурем…

Вақте,ки ин суҳбатимон идома дошт, Билоли Шамс аз сармурабби мактаб-интернат, ки он ҷо ҳузур дошт,пурсид:

-Дар он мақола омадаст, ки гӯё дар мактаб либосҳоеро, ки ба хонадагон шахсони хайрхоҳ меоранд, ба соҳибонаш намедиҳанд…

-Ин суханоро касе мегуяд,ки дар бораи фаъолити мо хабаре надорад.Мо дар ҳузури соҳибкороне, ки чунин амали хайрро ба анҷом мерасонанд, либосҳои онҳоро ба тарбиягирандагон тақсим карда медиҳем ва баъд ведомост сохта. Имзои онҳоро мегирем. Ҳато хуроки меовардаи онҳоро низ чунин мекунем. Ана дируз як соҳибкор лавозимоти ош овард. Мо дар ҳузури худи он соҳибкор ош пухта,тақсим кардем. Агар бовар накунед, наворҳояшро нишон медиҳем…

Чун мо барои бовар накардан асос надоштем, ин корро накардем ва бо саволи охирин ба директор муроҷиат намудем:

-Муаллима, чаро шумо ҳамкасбони моро дар утоқи кориатон . яъне дар ҷое, ки мо ҳузур дорем, қабул накардед ва боиси суханҳои зиёдатӣ гардид?

-Рости гап, агар медонистам, ки ин хабарнигорон аз он,ки ман онҳоро дар кабинети кории худ қабул накардаам, чунин хулосаи нодуруст мебароранд, новобаста  ба он, ки он рӯз имтиҳон буду дар ин ҷо болои мизҳо пур- пури ҳуҷҷату варақаҳои имтиҳонӣ буданд ва инчунин чанд нафар  волидон ҳам омада буданд, ман онҳоро дар болои ҳамин,  дар ҳамин ҷо қабул мекардам. Аммо афсус, ки онҳо аз як чизи одӣ хулосаи нодурусти худро баровардаанд ва ин қадар воҳима карданд. Боз гуфтаанд, ки ман гуё аз суҳбати онҳо саркашӣ карда бошам. Охир бо ин нафарон ман вохурдам ва баъд аз суҳбат чун рузи пурташвиши имтиҳонӣ буд, аз паи корҳои худ шудам. Баъд аз анҷоми коҳои асосӣ хостам боз бо онҳо вохурам, аммо гуфтанд, ки ин рузноманигорон аллакай рафтанд. Рафтанду чунин як мазҳакаро навиштанд…Акнун худатон хулса кунед…

Албатта, ба андешаи мо, хулосаро дар ин марид бояд хонандаи закӣ барорад, ки чаро чунин дурғпароканӣ шудааст ва ин ба манфиати кист?

 

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *