Хатар

Хатар ба иқтисод. Падидае, ки пешгирӣ мебояд

Дар ҷаҳони муосир коррупсия барои қариб ҳамаи давлатҳо як мушкили ҷиддӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад. Дар муқаддимаи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ва таҳдидҳои коррупсия ба суботу амнияти ҷомеа, ки институтҳо ва арзишҳои демократӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва адолатро халалдор мекунанд ва ба рушди устувор ва волоияти қонун зарар мерасонанд, қайд карда мешавад ва коррупсия дигар мушкилоти маҳаллӣ ба ҳисоб нарафта, балки ба як падидаи фаромиллӣ табдил ёфтааст, ки ба ҷомеа ва иқтисоди тамоми кишварҳо таъсир мерасонад.

Имрӯз мушкилоти коррупсия, рафъи зуҳуроти мухталифи он ва муқовимат ба паҳншавии он таҳия ва татбиқи амалии сиёсати самарабахши зиддикоррупсиониро барои тамоми кишварҳои олам тақозо менамояд.

Коррупсия як иллати ошкори тамоми низоми идоракунии иҷтимоӣ мебошад, ки ба ҳама давлатҳо хос аст ва дар ҳама давру замон вуҷуд дорад. Он танҳо ба низоми муносибатҳои ҷамъиятии дорои дараҷаҳои гуногуни фаъолият таъсир расонида, баъзан чунон мавқеъ пайдо мекунад, ки ба танзимгари ин муносибатҳо табдил ёфта, қонунро иваз менамояд ё дар баробари он амал намуда, пояҳои ҳокимияти давлатиро суст мекунад.

Чунин кирдорҳои коррупсионӣ соҳибони қудрати қонуниро водор месозанд, ки ба онҳо муқовимат нишон диҳанд.

Мубориза бо ин шакли шадиди коррупсия ба самти муҳимтарини ташаккули рушди устувори низоми идоракунии иҷтимоӣ табдил меёбад.

Давлат ва ҷомеа ҳангоми рушд бо назардошти омилҳои зиёди дорои хусусияти объективӣ ва субъективӣ воситаҳои мубориза бо коррупсияро таҳия намуда, онҳоро дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият — ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ мавриди санҷишу таҳлил қарор медиҳанд.

Бо ин мақсад бар зидди коррупсия чораҳои зарурӣ чӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва чӣ дар сатҳи миллии кишварҳо андешида шуда, доктринаи ягонаи ҳуқуқӣ дар ин раванд ташаккул дода шудааст.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» коррупсия кирдорест, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ гуногунанд, аз ҷумла таҳаммулпазирии аҳолӣ ба зуҳуроти коррупсия, паст будани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, мавҷудияти интихоби усулҳои рафтори шахси мансабдор вақте ки ў метавонад масъалаи дар назди ў гузошташударо ҳам мусбат ва ҳам манфӣ ҳал намояд, аз ҷониби шаҳрванд надонистани ҳуқуқҳои худ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои шахси мансабдор ё шахсе, ки вазифаи роҳбариро дар ташкилоти тиҷоратӣ ё ташкилоти дигар иҷро менамояд.

Дар навбати худ намудҳои коррупсия низ гуногуншакланд вобаста ба субъекти он, бо сўйистифода аз вазифаҳои хизматӣ ва ташаббускори муносибатҳо, ришвадиҳандаю ришвагиранда, миёнаравӣ, вобаста ба объекти он, фоида, бартарӣ ва имтиёзи ба даст овардашуда фаҳмида мешаванд.

Коррупсия як мушкилоти байналмилалӣ буда, он ба ҳамаи кишварҳо, сарфи назар аз сохти сиёсӣ ва сатҳи рушду нумуи сиёсӣ маҳсуб буда, танҳо аз ҷиҳати миқёсу андозаи худ фарқ мекунад.

Дар умум, оқибатҳои ногувори коррупсия дар он аст, ки принсипи волоияти қонунро поймол мекунад, ба рушди арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун таҳдид мекунад, сулҳу суботро дар ҷомеа барҳам медиҳад, ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷиро коҳиш медиҳад ва ҳавасмандии сармоягузоронро ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти муайян аз байн мебарад.

Б. ЮСУПОВ, ҳуқуқшиноси асосии Дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *