Ёвон нақшаи пахтаро иҷро кард

9 ноябр хоҷагидорони ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба пуррагӣ иҷро карданд. Вале ҳанӯз дар заминҳои пахта ҳосил кам нест.

Имсол дар ноҳияи Ёвон хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор дар майдони 10 ҳазору 162 гектар пахта кишт карда буданд. Аз аввали мавсими ҷамъоварии ҳосили пумбадона то ба имрӯз хоҷагидорон бештар аз 23 ҳазор 822 тонна пахта ҷамъовари карданд, ки баробар ба 100 дарсади нақша аст.

Масъулин мегӯянд, ҳоло ҳосил дар майдони пахтазор мавҷуд аст. Бо истифода аз рӯзҳои мусоиди боду ҳаво кишоварзон онро пурра ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркарди пахта месупоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *