Хатлон: Ҷаримаи 130 нафар барои қонунвайронкунии ҳифзи муҳити зист  

Давоми соли равон дар шаҳри Бохтар 130 нафар барои қонунвайронкунии ҳифзи муҳити зист ҷарима карда шуданд.

Миёни нафарони ҷаримашуда шахсони мансабдор ҳам ҳастанд. Шамсиддин Халилзода, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2023 дар маҷмӯъ 131 протакол нисбати шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ тартиб дода шудааст.

Ӯ мегӯд, ҷарима аз ин ҳисоб 28 ҳазору 500 сомониро ташкил мекунад. Ба таъкиди вай миёни ҷаримашудаҳо шахсони мансабдор ҳам ҳастанд.

“Роҳбари КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ, КФД “Таъмиру истифодабарии иншоот”, раисони кумитаҳои маҳалла ва сокинони шаҳри Бохтар ҷарима шуданд. Масъулин барои сари вақт накашонидани партов ва сокинон барои бетартиб партофтани партов ҷарима шуданд”,-гуфт номбурда.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 дар умум 96 санад тартиб дода шуда аст ва ҷарима 17 ҳазору 600 сомониро ташкил мекард.

Мутаассифона, шаҳри Бохтар бо вуҷуди маркази маъмурии вилояти Хатлон будан, ҳанӯз мушкили сари вақт кашонидани партов ва тоза кардани нуқтаҳои мувақатии партовпартоӣ ба пуррагӣ ҳал нашудааст. Кашонидани саривақтии партов ва безарар кардани он вазифаи масъулини идораи коммуналии шаҳри Бохтар аст.

Аммо сокинон ҳам бояд фарҳанги шаҳрнишинро пурра риоя кунанд. Онҳо бояд партовро вақти муайян ба нуқтаҳои мувақатӣ партофта дар ин кор аз қуваи кӯдакон истифода накунанд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *